Ба гузориши хабаргузории Абна бо истинод ба Ал-Масӣра, Яҳё Сарӣ, сухангӯи Нерӯҳои мусаллаҳи Яман, имрӯз шанбе дар баёнияе эълон кард: Дар давоми 24 соати гузашта, душмани саудӣ бо 105 ҳамлаи ҳавоӣ ва мушакӣ инфрасохтори ғайринизомии кишвари моро ҳадаф қарор дод. Дар паи бомбаборонҳои анҷомшуда дар пойтахт (Санъо) ва инчунин вилоятҳои Ал-Ҷавф, Таиз, Амрон, Ҳаҷҷа, Саъда, Маъриб ва Лаҳҷ, даҳҳо ғайринизомӣ кушта ё маҷрӯҳ шудаанд.
Сухангӯи Нерӯҳои мусаллаҳи Яман идома дод: Ҳамлаҳои саудиҳо тавассути ҷангандаҳои «F-15» ва «Тайфун» анҷом дода шуданд, ки аз пойгоҳҳои ҳавоии «Хамис Мушайт» ва «Тоиф» парвоз карда буданд; ҳамлаҳои мушакӣ низ аз минтақаҳои «Наҷрон» ва «Ҷизон» анҷом дода шуданд.
Сипас Яҳё Сарӣ афзуд: Аз оғози шиддат гирифтани низоъҳо, маҷмӯи ҳамлаҳои ҳавоӣ ва мушакии эътилофи таҷовузкор ба роҳбарии Арабистони Саудӣ алайҳи ин кишвар ба 4369 расидааст.
Your Comment